ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Душанбе, 21 октябр ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров). Гурӯҳи адибони тоҷик бо ташаббуси созмони байналмиллалии «Диалог», ки як шӯъбааш дар Душанбе ҷойгир аст,ба кишвари Туркия сафар намуданд. Шоири халқии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи нависандагон Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Меҳринисо Улуғбекова, Назокат Олимова, аз Хуҷанд шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адабиётшиносон Отахон Сайфуллоев,Раҳмат Ниёзӣ, Эмомали Мирзоев ва Ҳикмат Раҳмат шомили ин гурўҳ буданд. Шиносоӣ бо Истамбул аз донишгоҳи байналмиллалии «Фотеҳ» оғоз ёфт. Донишҷӯён намояндагони ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳо буданд. Ин донишгоҳ 700 нафар донишҷӯи хориҷи дорад, ки 17 нафарашон тоҷиконанд. Дар осорхонае, ки дар соҳили баҳри «Мармар» ҷойгир шудааст. Туркияро дар «шакли хурд» нишон медиҳад. Дар Туркия масоҷид хеле ҳам зиёданд ва ҳамаашон санъати бузурги меъморї доранд, ки диққати тамошобинро зуд ба худ ҷалб менамояд. Шаҳри Кония, ки аҳолии он 1млн. 300 ҳазор аси аз баҳр каме дур аст, бинобар ин обу ҳавояш хеле ҳам гарм аст. Дар ин шаҳр оромгоҳи Ҷалолиддини Балхи ҷойгир аст. Оромгоҳ хеле ҳам калон ва зебо сохта шудааст ва дар он на як Устод, балки чандин нафари дигар низ дафн шудаанд. Ҳикмат Раҳмат қайд намуд, ки аст дар ин кишвар нисбат ба шоири классики тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ эътибори зиёд медиҳанд, мақбарараи ӯро хеле ҳам хуб сохтаанд ва барои ободиаш диққат медиҳанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






