ЗУҲУРОВ ҶАВОНОНИ РАШТИРО БА ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ДАЪВАТ КАРД

Октябрь 1, 2010 15:22

       Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Минтақаи Осиёи Марказӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиати иддае аз кишварҳои  абарқудрат табдил шудааст», гуфт зимни баррасии вазъи  минтақаи Рашт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат 1 октябри соли 2010.        Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар соли 2009 ва соли равон дар шарқи Тоҷикистон пайдо гардида, кӯшиш доранд,  ки вазъиятро дар ин минтақа ноором созанд.        Мавсуф зимни суханронии худ аз ҷавонони минтақаи Рашт даъват намуд, ки ба иғво ва таблиғи  ҳар гуна гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дода нашаванд. Ҳамзамон,  ӯ ба ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд,  гуфт, ки бояд силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба зиндагии осоишта баргарданд.          Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров сокинони минтақаи Рашт, ки рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, дигарбора намегузоранд, ки он рӯзҳои нангин ба сари мардуми ин минтақа ояд. Сокинони ин минтақа аз сохти конститутсионии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати мамлакат ҷонибдорӣ намуда, намегузоранд, ки гурӯҳҳои иғвогар оромии минтақаро халалдор созанд.      Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат бо умедворӣ гуфт, ки -итминони комил дорам,  вазъи минтақа ҳарчи зудтар беҳтар мегардад.  

Октябрь 1, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад