ЗУҲУРОВ БА МИНТАҚАИ РАШТ МЕРАВАД

Октябрь 12, 2010 16:04

Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари корӣ ба  минтақаи Рашт меравад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори  маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки Шукурҷон Зуҳуров тӯли як ҳафта дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод бо мардум мулоқот карда, бо вазъи минтақа ошно мегардад. Мавриди зикр аст, ки Шукурҷон Зуҳуров зимни баромади худ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2010 нисбат ба авзои минтақаи  Рашт изҳороти расмӣ баён карда, аз ҷавонони ин минтақа даъват намуд, ки фирефтаи таблиғу макри   ҳар гуна гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ нагарданд. Вай афзуда буд, ки вазъи пешомада ҳарчи зудтар роҳи ҳалли худро пайдо менамояд. Шукурҷон Зуҳуров намояндаи минтақаи Рашт дар палатаи поёнии парлумон-Маҷлиси намояндагон аст.

Октябрь 12, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард