11 ҲАЗОРУ 873 НАФАР СЕРТИФИКАТ ГИРИФТ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» Маҳмудҷон Хабиров, дар 9 моҳи соли 2010 аз ҷониби лоиҳа ба 11 ҳазору 873 нафар деҳқонон cертификати истифодаи замин супорида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ду баробар зиёд аст. Шумораи умумии сертификатҳои аз аввали татбиқи лоиҳа ба деҳқонон супоридашуда 18 ҳазору 112 ададро ташкил медиҳад,- гуфт директори лоиҳа Маҳмудҷон Хабиров ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз тарафи лоиҳа, ҳамчунин 1364 адад парвандаҳои заминсозӣ омода шуда, барои ташхис, тасдиқ ва гирифтани cертификат ба сохторҳои марбутаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Мақсади асосии Маркази татбиқи лоиҳа таҷдиди хоҷагиҳои мавҷуда ва дар заминаи онҳо ташкил кардани хоҷагиҳои нави деҳқонӣ аст, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ба он зиёд аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






