ҒОЛИБИ ВЕЛОМАРАФОН КИСТ?

Ноябрь 24, 2010 14:12

          Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Варзишгар Ренат Ботершин, ки сокини Душанбе аст,  дар чорабинии варзишӣ-оммавии веломарафон, дар масофаи 21 километр  зинаи аввалро соҳиб шуд. Чорабинии мазкур ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар асоси қарори шаҳрдорӣ доир гардид.       Ҷойҳои дуюм ва саввумро Баҳром Шодиев ва Дмитрий Сангинов, байни духтарон бошад зинаи аввалро  Беҳрӯза Саидова ва ҷойҳои дуюму сеюмро  Заррина Ҳайдарова ва Алия Ботершина касб карданд.          Тамоми ғолибони веломарафон бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот ва сарпарасти чорабинӣ — ширкати алоқаи мобилии «МЛТ» сарфароз гардиданд.          Тибқи иттилои сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов дар веломарафон варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш, ки синнашон аз 16 сола боло буд,  иштирок намуданд.          Хатсайри ҳаракати веломарафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ наздикии Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (КВД "Ипподром")  оғоз гардида, то ба самти постгоҳи дар «Чорбоғ» будаи БДА сурат гирифт. Самти бозгашти он  аз  хиёбони Рӯдакӣ ба сӯи хиёбони Исмоили Сомониро дар бар гирифта, нуқтаи анҷомаш варзишгоҳи марказӣ буд. Баргузории ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа буда, аз ифтихори миллӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон шаҳодат медиҳад.         

Ноябрь 24, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад