ҚАБУЛИ ОРТОФОТОПЛАН ДАР МАСОҲАТИ 14590 КМ МУРАББАЪ

Ноябрь 9, 2010 09:46

         Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси шартномаи байни «Лоиҳаи бақайдгирии системаи кадастри замин» — (ЛБСКЗ) ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии «Фазо» дар 10 моҳи соли 2010 дар масоҳати 2445 км мураббаъ ва аз аввали татбиқи лоиҳа (19 .09. 2005) дар масоҳати 14 ҳазору 590 км мураббаъ ортофотопланҳо — (суратҳои аз фазо гирифташуда, ки масоҳати заминро муайян мекунанд) коркард шуда аз тарафи комиссияи санҷиши лоиҳа қабул   шудааст,- иброз дошт директори Маркази татбиқи лоиҳа Маҳмудҷон Хабиров ба мухбири АМИТ «Ховар».             Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз 26 – уми январи соли 2010 дар бораи ҷорӣ намудани системаи нави моҳворавии координатҳо бо мақсади кадастри замин  ба имзо расонидааст, ки барои васеъ намудани фаъолияти лоиҳа дар бахшҳои корҳои геодезӣ, нақшакашӣ ва харитасозӣ аҳамияти калон дошта, барои истифодаи воситаҳои электронии лоиҳа имкониятҳои бештарро фароҳам овард.             Ҳоло марказҳои минтақавии кадастри замини лоиҳа аз системаи нави координатҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.             Бо сабаби зиёд гардидани ҳаҷми корҳои заминсозӣ ва зиёд шудани   ноҳияҳои пилотӣ дар 7 маркази кадастри замини минтақавии лоиҳа 21 нафар заминсозони нав ба кор қабул  шуданд.

Ноябрь 9, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад