ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН ВА ТАВАҶҶӮҲИ ПАРЛАМЕНТАРҲО
Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни идомаи сафараш ба Британияи Кабир бо таърих ва фаъолияти парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шинос гардид. Дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти парлумони Британияи Кабир ҳайати парлумонии Тоҷикистонро муовини вазири маорифи ин кишвар Тим Лоутон ҳамроҳӣ кард. Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Британияи Кабир Майк Гейпс мулоқот кард. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамои рушди ҳамкории парлумонию ҳукуматӣ ва вазъияти Афғонистонро баррасӣ карданд. Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ М. Убайдуллоев бо Гурӯҳи парлумонӣ оид ба Афғонистон, Кумита оид ба корҳои мудофиаи парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, устодону донишҷӯёни Марказ оид ба Осиёи Марказӣ ва мактаби омӯзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон дидору мулоқот кард.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






