ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНӢ БА ЭРОН РАФТ

Ноябрь 27, 2010 11:51

Душанбе, 27  ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 ноябр ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт.          Дар назар аст, ки худи ҳамин рӯз дар Теҳрон мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтои эронии худ-Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ сурат мегирад. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманди парлумониро байни Тоҷикистону Эрон баррасӣ менамоянд.       Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси Маҷлиси  намояндагон Муҳаммадато Султонов, фардо Шукурҷон Зуҳуров бо Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ ва Раиси кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ Ҳусейн Анворӣ мулоқот менамояд.         Раиси Маҷлиси намояндгонро дар сафар ба Эрон раисони Кумитаҳои палатаи поёнии мамлакат ва вакилони  Маҷлиси намояндагон ҳамроҳӣ менамоянд. Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон то 2 декабри соли равон идома меёбад.

Ноябрь 27, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад