ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНӢ БА ШОТЛАНДИЯ РАФТ
Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдулоев, ки имрӯзҳо дар Британияи Кабир қарор дорад, бо спикери Палатаи Обшини парлумони Британияи Кабир Ҷон Берков мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки минбаъд робитаҳои байнипарлумонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми имкониятҳо тавассути муносибатҳои байнипарлумонӣ барои самаранокии ҳамкориҳои байниҳукуматӣ нигаронида хоҳад шуд. Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ М. Убайдуллоев бо муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Сайман Фрейзер мулоқот карда, тавсеаи робитаҳои самарабахши Тоҷикистону Британияи Кабир, бахусус ба имзо расонидани Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, ҳимояи дуҷонибаи сармоя, саркашӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро баррасӣ намуданд. Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов, баъди вохӯриҳо ҳайати парлумони Тоҷикистон ба Шотландия сафар намуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






