ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНӢ БА ШОТЛАНДИЯ РАФТ

Ноябрь 18, 2010 16:21

        Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдулоев, ки имрӯзҳо дар Британияи Кабир қарор дорад,  бо спикери Палатаи Обшини парлумони Британияи Кабир Ҷон Берков мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки минбаъд робитаҳои байнипарлумонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми имкониятҳо тавассути муносибатҳои байнипарлумонӣ барои самаранокии ҳамкориҳои байниҳукуматӣ нигаронида хоҳад шуд.        Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ М. Убайдуллоев бо муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Сайман Фрейзер мулоқот карда, тавсеаи робитаҳои самарабахши Тоҷикистону Британияи Кабир, бахусус ба имзо расонидани Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, ҳимояи дуҷонибаи сармоя, саркашӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро баррасӣ намуданд.           Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов, баъди вохӯриҳо ҳайати парлумони Тоҷикистон ба Шотландия сафар намуд.

Ноябрь 18, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд