ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Ноябрь 11, 2010 14:21

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо Ноиби Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JIKA) Киёши Кодера вохӯрӣ доир намуд.   Зимни вохӯрӣ Д. Саидов зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷопон яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тавассути расонидани кӯмакҳои грантӣ дар барқароркунӣ ва рушди соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иктисодиёти Тоҷикистон ба монанди соҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ ва ғайраҳо саҳми хосса гузошта истодааст. “Ҳукумати Ҷопон ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон айни замон дар мамлакат 3 лоихаи калон ва муҳимро бо маблағи грантии 60 миллион доллари ИМА татбиқ гардонида истодааст”, – қайд намуд Д.Саидов. Ҷаноби Кодера дар навбати худ зикр намуд, ки дорои собиқаи корӣ дар самти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки зимни фаъолияташ ба ҳайси Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст. “Вазифаҳои асосии сафари ман ба Тоҷикистон иборат аз барқарорсозиву рушд додани алоқаҳои вуҷуддошта ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои сифатан нав байни Агентии мо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни замон аз ҷониби Агентӣ корҳои таҳлилӣ ҷиҳати муайян ва тасдиқ намудани стратегияи кишварии JIKA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, зарурияти мувофикакунии он бо ҷониби тоҷикистонӣ, бо максади қабули барномаи алоҳидаи мутобиқ ба мақсаду ҳадафҳои рушди мамлакат ва стратегияю афзалиятҳои он мебошад”- қайд намуд Ноиби Президенти JIKA. Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба ҷониби ҷопонӣ маълумоти мухтасарро оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита, ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз дар соҳаи кор бо кӯмакҳои беруна, инчунин, дар самти татбиқи сиёсати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтаргардонии фазои сармоягузориву соҳибкории мамлакат ислоҳотҳои назаррасеро анҷом додааст. Ин буд, ки мутобиқи ҳисоботи навбатии ҳарсолаи Бонки Умумиҷаҳонӣ — «Пешбурди Тиҷорат» Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки пай дар ҳам ба рӯйхати давлатҳои даҳгонаи ислоҳотгар ворид шуда, нишондиҳандаҳои худро 10 зина беҳтар гардонидааст. Дар фарҷом  ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак омодагии худро иброз намуданд.

Ноябрь 11, 2010 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад