ҶАРИМА БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Мирзоев»-и ноҳияи Турсунзода аз ҳисоби музди меҳнат ба маблағи 475000 сомонӣ қарздор мебошад. Мутобиқи ҳисоботи меҳнатии оморӣ ба ҳисоби миёна дар давоми соли 2010 шумораи кормандони дар хоҷагӣ фаъолияти меҳнатӣ дошта 1800 нафарро ташкил менамояд. Аз тарафи сардори шӯъбаи Хадамоти назорати меҳнат дар минтақаи Ҳисор ба хотири бартарафсозии қарздории музди меҳнат сармуҳосиб ва роҳбари хоҷагии деҳқонии А.Мирзоев мутобиқи талаботи моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба андозаи аз 700 то 2450 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Ин аст, ки бо дахолати мутахассисони Хадамот 376 ҳазор сомонии қарздории музди меҳнат дар давоми даҳ моҳи соли 2010 бартараф гардид. Қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1 ноябри соли 2010 – ум 99000 сомониро ташкил менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






