ҶАРИМА БАРОИ ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ЗАМИН

Ноябрь 30, 2010 11:48

Восеъ, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бино ба иттилои ҷонишини  сардори  Кумитаи  заминсозии  ноҳияи  Восеъ Хоркаш Мирзоев  дар  давоми  11 – моҳи соли  ҷорӣ  дар  ноҳия 101  адад  вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи  замин  ба  қайд  гирифта шуд ва онҳо  ба  маблағи  32500  сомонӣ ҷарима шуданд. Ба  гуфти    манбаъ  бештари    вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи  замин    барои   иҷро  накардани  дастури  замин,  бе  ҳуҷҷат гирифтани  қитъаи  замин,  истифодаи  замин  бе  ҳуҷҷати  тасдиқгардида ва  худсарона   вайрон    кардани тартиботи  қитъаҳои   замин ҷарима шудаанд. Мавриди  зикр  аст, ки  то ин   муддат аз тарафи  шаҳрвандон  ба  Кумитаи  заминсозӣ  беш  аз  2000 ариза  ворид   шуда, 300  ариза  мувофиқи  имкон  қонеъ гардонида шуд.   Истифодабарии  замин  аз тарафи кормандони Кумитаи  заминсозии ноҳия зери  назорати қатъӣ  гирифта    шудааст.

Ноябрь 30, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад