ҶАРИМА БАРОИ ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ЗАМИН
Восеъ, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бино ба иттилои ҷонишини сардори Кумитаи заминсозии ноҳияи Восеъ Хоркаш Мирзоев дар давоми 11 – моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 101 адад вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи замин ба қайд гирифта шуд ва онҳо ба маблағи 32500 сомонӣ ҷарима шуданд. Ба гуфти манбаъ бештари вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи замин барои иҷро накардани дастури замин, бе ҳуҷҷат гирифтани қитъаи замин, истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқгардида ва худсарона вайрон кардани тартиботи қитъаҳои замин ҷарима шудаанд. Мавриди зикр аст, ки то ин муддат аз тарафи шаҳрвандон ба Кумитаи заминсозӣ беш аз 2000 ариза ворид шуда, 300 ариза мувофиқи имкон қонеъ гардонида шуд. Истифодабарии замин аз тарафи кормандони Кумитаи заминсозии ноҳия зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






