21,6 ФОИЗ ЗИЁД ШУДАНИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ ба маблағи 6 млрд. 235 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Рӯйхати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 110,9 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба 4 млрд. 257 млн. сомонӣ ё 95,7 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба маблағи 1 млрд. 739 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 фоиз зиёд аст. Корхонаҳои коркарди пахта бошанд, маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба 486 млн. сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2009 15,2 фоиз бештар мебошад. Ин мазмуни онро дорад, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ дар кишвар торафт коҳиш меёбад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






