272 СӮИҚАСД БА ҶОНИ ХУД

Ноябрь 26, 2010 08:53

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ кӯшиши даст ба худкушӣ   задан бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов, ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мушоҳида шудааст.    Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 272 ҳодисаи даст ба худкушӣ   задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.    Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, 46 ҳодисаи даст ба худкушӣ  задан аз рӯи беморӣ, 56 ҳодиса бо сабаби  муноқишаҳои оилавӣ, 22 ҳодиса бо сабаби вазнинии иқтисодӣ   ва дар 85 ҳодиса шаҳрвандон бо сабабҳои дигар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумлаи худкушикардагон 177 нафар бо роҳи овехтан, 12 нафар бо истифода аз корд, 52 нафар тавассути заҳролудшавӣ, 5 нафар бо роҳи худсӯзӣ, 10 нафар бо роҳи  ғарқшавӣ фавтидаанд.    Нисбат ба16 нафар барои ба худкушӣ расонидани шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, баъди анҷоми тафтиш парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ шудан  ба суд интиқол дода шудаанд.           

Ноябрь 26, 2010 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад