364 ДОНИШҶӮИ ХОРИҶӢ ДАР ДМТ
Душанбе, 18 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин ) .- Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Бекмуродов хабар дод, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 364 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд. Аз инҳо 18 нафараш магистрант, 22 нафар шунавандаи Маркази омӯзиши забонҳои факултаи филология буда, 217 нафар ба сифати унвонҷӯ ва 69 нафар ба ҳайси аспирант дар шӯъбаҳои аспирантураи Донишгоҳ таҳсил менамоянд. Мавсуф зимни сӯҳбат зикр намуд, ки аз давлатҳои Яман, Судон, Хитой 7 нафар устод дар факултаҳои журналистика, таърих ва шарқшиносӣ дарс медиҳанд. Раёсати ДМТ барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати таҳсил дар Донишгоҳ пайваста кӯшиш менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






