АҲОЛӢ БА МАБЛАҒИ 4 МЛРД. СОМОНӢ МОЛ ХАРИД

Ноябрь 3, 2010 09:50

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2010  аз ҷониби  корхонаҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва  ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ  ба маблағи 4 млрд. 612 млн. сомонӣ мол фурӯхта шудааст. Гардиши молҳои   дар савдои чаканаи корхонаҳои расмӣ ба қайд гирифташуда 373 млн. сомониро ташкил дод.    Корхонаҳои кооператсияи матлубот  дар ин давра  ба аҳолӣ ба маблағи 82 млн. сомонӣ мол фурӯхтаанд.    Ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 4 млрд. 473 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, фурӯши мол дар бозорҳои озуқаворӣ 2 млрд. 545 млн.  сомониро  ташкил додааст.  Дар  давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 443 млн. сомонӣ чорвои зинда, 154  млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 393 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст.           

Ноябрь 3, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад