«АШЪОРИ ҲАКИМОН ВА ОРИФОН»

Ноябрь 24, 2010 13:54

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Нашриёти «Адиб» дар нашри осори классикону муосирон саҳми  назаррас  дорад. Нашриёти мазкур ба наздикӣ аз силсилаи 50 ҷилдаи «Ахтарони адаб», ки бо кӯмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чоп мешаванд, ҷилди 13-уми ин силсиларо ба табъ расонид. Ин китоб  «Ашъори ҳакимон ва орифон» ном дошта, эҷодиёти Ибни Сино, Кисоии Марвазӣ,  Бадеии Балхӣ, Абӯсаид Абӯхайр, Боботоҳири Урёни Ҳамадонӣ ва Бобоафзали Кошониро дар бар мегирад. Қаблан ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ ва 10 ҷилди «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тариқи нашриёти мазкур бо теъдоди 5 ҳазор нусхагӣ дастраси хонандагон гашта буд.  

Ноябрь 24, 2010 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад