АЗ УСТОХОНА ТО КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Ноябрь 10, 2010 10:02

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ф. Фозилов, Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои протезию ортопедии (КВД ЗПО)   Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар байни солҳои 1942- 2010 нӯҳ маротиба ивази ном кардааст.    Боис ба ёдоварист, ки 18 –уми апрели соли 1942 аз сабаби зиёд шудани маҷрӯҳони ҶБВ дар шаҳри Душанбе устохонаи маҳсулоти протезию ортопедӣ таъсис дода шуд. Соли 1963 ин устохона ба корхонаи протезбарории Вазорати таъминоти иҷтимоӣ сабти ном шуд. Соли 2000 – ум  ба ин корхона мақоми нав – Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии заводи узвҳои ориятӣ дода шуд.    Аз соли 2001 корхона бо унвони Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номгузорӣ гардид ва ниҳоят соли 2007  он номи Корхонаи воҳиди давлатии заводи протезию ортопедии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро гирифтааст.    Ҳоло дар Корхонаи воҳиди давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе 65 нафар коргарони баландихтисос кор мекунанд, ки 20 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.    Корхона, ҳамчунин, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд филиалҳои худро дорад ва дар як сол беш аз 4 ҳазор ҷуфт пойафзол барои маъюбон истеҳсол менамоянд.  

Ноябрь 10, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад