БАРОИ ҚАБУЛИ ГАРМӢ ОМОДА НЕСТАНД

Ноябрь 19, 2010 09:31

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино  ба гуфти муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев, соли ҷорӣ  аз ҳисоби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ барқарорсозии 4 адад дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, шҳрҳои Ваҳдат ва Хуҷанд  ба итмом расид. Аммо ба иттилои  манбаъ,  системаи таъмини гармии  биноҳои манзили истиқоматӣ ва беморхонаҳои марказӣ, ки дар ҳудуди хизматрасонии ин дегхонаҳо қарор доранд, бо сабаби  фарсудагии хатти гармидиҳӣ ва ҳангоми таъмири манзилҳои истиқоматӣ ва ҳуҷраҳои қабули беморон дар беморхонаҳо бурида шудани системаи гармидиҳии дохили биноҳо, беморхонаю манзилҳои истиқоматӣ  ба гирифтани гармӣ дар фасли зимистон  омода нестанд.    Боис ба ёдоварист, ки дар мувозинаи корхонаҳои коммуналии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 108 адад дегхонаҳо мавҷуд аст, ки 13 –тояш дар ҳолати корӣ буда, 26 адади он таъмирталаб ва 73 адад пурра корношояманд.  

Ноябрь 19, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад