БАРРАСИИ СОЗИШНОМАИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 9 ноябр баррасӣ гардиданд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Аъзои Шӯро ҳамчунин, лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба лоиҳаи «Рушди деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро муҳокима карданд. Зимни ташреҳи масъалаҳои мазкур Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки мақсади лоиҳаҳои қонунҳои мазкур ворид намудани ислоҳот дар сохтори судии мамлакат, ҷоннок намудани раванди андозситонӣ, таъмини бехатарӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мебошад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






