БАРТАРАФСОЗИИ ҚАРЗДОРӢ БЕҲТАР ГАРДИД
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласаҳои назоратии вазорат ба масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҷиҳати пардохти саривақтӣ ва кам кардани қарзи музди меҳнат сардори Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам маълумот пешниҳод менамояд. Бо мақсади таъмини назорати + пардохти саривақтии музди меҳнат, тақвият бахшидани фаъолияти «телефони боварӣ» ва таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони Хадамоти давлатии назорати вазорат, тартиб додани ҷадвали бартарафсозии қарздории музди меҳнат беҳтар шудааст. Дар натиҷаи ин тадбир маблағи қарздорӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 9 млн.564 ҳазор сомонӣ (30 фоиз) коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






