БАСТАШАВИИ МАҶРОИ ВАХШ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҷараёни пурра бастани пеши роҳи дарёи Вахш барои сохтани дарғоти НБО-и Сангтӯда-2 26 ноябр оғоз ёфта, 28 ноябр хотима меёбад. Ҳамин тавр, ҷараёни бунёди дарғоти НБО-и Сангтӯда-2 оғоз ёфт ва он чун дарғоти НБО-и Сангтӯда-1 аз қуму шағал сохта мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд. Тибқи маълумоти сарчашма дар ин рӯзҳо ба сокинони мамлакат нерӯи барқ мувофиқи реҷаи маъмулӣ дода мешавад.Ҷараёни мазкур ба фаъолияти муназзами НБО-ҳои дар дарёи Вахш ҷойгирбуда –Сангтӯда-1, Бойғозӣ ва Норак таъсир намерасонад. Манбаъ ҳамчунин зикр намуд, ки қатъи нерӯи барқи як қатор ноҳияҳои кишвар ба раванди мазкур робита надорад. Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2006 низ барои сохтани дарғоти НБО-и Сангтӯда-1 пеши роҳи дарёи Вахшро бастанд, ки вобаста ба он дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ҷумҳурӣ меъёри шадид муқаррар гардида буд. Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи сохтмони НБО-и Сангтӯда-2 20 феврали соли 2006 барпо гардид. Бунёди НБО-и Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 мВт лоиҳаи якҷояи Тоҷикистону Эрон мебошад. Пудратчии генералии иншооти мазкур ширкати эронии «Сангоб» мебошад. Ҳукумати Эрон вазифадор гардидааст, ки барои сохтмони ин иншоот ба маблағи 180 миллион доллар қарз ҷудо намояд. Дар назар аст, ки иншооти мазкур то соли 2011 ба истифода дода мешавад. НБО-и Сангтӯда-2 зинаи поёнии силсиланерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда ба ҳисоб рафта, дар реҷаи муайян бо НБО-и Сангтӯда-1 фаъолият менамояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






