БОЗ ДУ ДАВРАИ ЭМКУНӢ БОҚӢ МЕМОНАД
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии маркази эмгузаронии ҷумҳурӣ Шамсиддин Ҷобиров, соли оянда боз ду давраи эмгузаронии кӯдакон дар назар аст. Акнун Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ чӣ гуна қарор қабул мекунад ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ чӣ тавсия пешниҳод мекунад ин ба салоҳдиди онҳо вобаста аст. Аммо соли 2011 боз дар ду давра эмгузаронии кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ пешбинӣ шудааст. Ин ба он вобаста аст, ки ҳангоми эмгузаронӣ ҷӣ қадар барангезандаҳои зидди бемории фалаҷ дастрас мегардад. — Мо эмгузарониро то давраи пайдо кардани боварӣ тавассути назорати эпидемиологӣ, ки ин навъи беморӣ дигар вуҷуд надорад, давом медиҳем,- мегӯяд Ш. ҷобиров. Боис ба ёдоварист, ки ҳодисаи охирини бемории фалаҷ (полиомиелит) ҳанӯз 4 – уми июли соли 2010 ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо баъд аз пешниҳоди далели мӯътамад дар бораи вуҷуд надоштани бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, ба Тоҷикистон статуси кишвари озод аз бемории фалаҷ дода мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






