БОЗГАШТИ ДОНИШҶӮЁНИ ҒАЙРИРАСМӢ
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 120 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар Донишгоҳҳои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи таҳсилоти Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев, ин донишҷӯён ба таври ғайрирасмӣ дар Донишгоҳҳои исломии Шӯрамалик ва Зоҳидон таҳсил мекарданд. То имрӯз аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар донишҷӯ оварда шудааст. Инчунин, аз Донишгоҳи «Ал-Азҳар»-и Миср 134 нафар, аз донишгоҳҳои Покистон 204 нафар донишҷӯ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд. Идибек Зиёев афзуд, ки дар маҷмӯъ бояд ба Тоҷикистон беш аз 1000 нафар донишҷӯёне, ки ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, баргардонида шаванд. Хароҷоти бозгашт ба ватан аз ҳисоби донишҷӯён пардохта мешавад. Зимни посух ба савол, ки донишҷӯёни тоҷик баъди бозгашт ба ватан дар куҷо таҳсилашонро идома медиҳанд Идибек Зиёев гуфт, ки донишҷӯён бевосита ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муроҷиат карда, вобаста ба бахш ва сатҳи тахассусиашон дар дилхоҳ шӯъбаю факултаҳои Донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилашонро идома медиҳанд. Яъне, дар ин масъала ягон мамониат ва мушкилӣ ҷой надорад. Барои овардани донишҷӯёни тоҷик ба кишвар Кумитаи дин ва дигар мақомоти марбута дар ҳамкорӣ фаъолият мекунанд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани донишҷӯёну ҷавонон тоҷик, ки бо роҳҳои гуногун ва ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, зимни вохӯрию мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони бархе аз ноҳияҳои кишвар тобистони соли ҷорӣ матраҳ гардида буд. Ҳадафи ин тадбир ҷилавгирии ҷавонони тоҷик аз баъзе зуҳуроти номатлуб, хусусан гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротию тундгаро мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






