БУНЁДИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГӢ ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
Маскав, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Ба пойтахти шимолии Русия- Санкт-Петербург ва дар маҷмӯъ ба вилояти Ленинград ҳамасола миқдори муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон сафар менамоянд. 60 %-и муҳоҷирон барои кори муваққатӣ меоянд. Миёни мушкилоти намояндагони ҷамъият масъалаҳои гирифтани маълумоти мактабӣ, таъмини имконияти гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-мутобиқшавӣ барои кӯдакони муҳоҷирон аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ мебошад. Ин масъалаҳо 15 ноябр дар чаҳорчӯби мулоқоти губернатор Валерий Сердюков ва Консули ифтихории Тоҷикистон дар вилояти Ленинград Муҳаммадназар Мирзода муҳокима гардид. Консули ифтихорӣ зикр намуд, ки ташкили маркази фарҳангӣ барои мулоқоти меҳмонони тоҷикистонӣ бо собиқадорон ва намояндагони дигар ҷамъиятҳо мусоидат намуда, метавонад бисёр масъалаҳои характери фарҳангиву маърифатӣ доштаро ҳал намояд. В. Сердюков иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин таъмини шароити мусоиди корӣ ва зиндагӣ дар қаламрави минтақа барои ҳамаи истиқоматкунандагон, аз ҷумла муҳоҷирони муваққатии дигар кишварҳо маҳсуб мегардад. «Назорати фазои бо кор таъмин кардани муҳоҷирон ногузир аст», — изҳор дошт губернатор. Дар ҷамъбасти мулоқот ба Консули ифтихории Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки барои бунёди бинои маркази фарҳангӣ ҷой интихоб намуда, реҷаи кории онро муайян намояд. Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли 2010 мубодила ва савдои хориҷии вилояти Ленингради Русия бо Тоҷикистон 3,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






