ДАР ҲАР ДУ РӮЗ ЯК ҶИНОЯТ

Ноябрь 19, 2010 09:26

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат нисбат ба фаъолияти кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия  баҳо дода,  ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ дар ноҳия 198 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар  ҳар ду рӯз як ҷиноятро ташкил медиҳад. Аз ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 159 адади он кушода шудааст.    Тибқи маълумоти  манбаъ, агар сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо дар самти кофтукови ҷиноӣ 83,5, ҷиноятҳои вазнин 89,8 ва авбошӣ 90 фоизро ташкил намояд, пас дар самти ҷиноятҳои махсусан вазнин – куштор,  расонидани ҷароҳати вазнин, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ  ва тамаъҷӯӣ парвандаҳо 100 фоиз кушода шудаанд.    Дар ин муддат 20 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 8 адад автомати Калашников, 4 адад туфангча, 3 адад гранатомёт, 2 карабин, 2 ТОЗ, 12 норинҷак, 590 дона тирҳои ҳархела дарёфт ва мусодира гардидааст, ки он аз фаъолияти хуби кормандони милитсияи шаҳри Ваҳдат  дар 10 моҳи соли ҷорӣ дарак медиҳад.

Ноябрь 19, 2010 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад