ДАР ДДТТ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ЗИЁДАНД

Ноябрь 9, 2010 16:44

Душанбе, 9 ноябр. ( АМИТ «Ховар»,  Сангзода  Муслиҳиддин) .-  Бино  ба  иттилои      Раёсати   Донишгоҳи   давлатии   тиббии   Тоҷикистон  ба  номи   Абӯалӣ  ибни  Сино,    айни   замон  дар  донишгоҳи  мазкур  492  нафар     шаҳрвандони   хориҷӣ донишҷӯён  таҳсил   менамоянд, ки   аз  15  мамлакати  дуру   наздик   мебошанд.   Аз   шумораҳои  дар  боло  зикр  шуда,  89  нафараш  аз  Афғонистон,  4   нафар аз   Арабистони  Саудӣ, 2 нафар аз  Ироқ, 31 нафар  аз  Қазоқистон,   10 нафар аз   Қирғизистон,  1 нафар аз  Латвия,    24 нафар  аз Покистон,  11 нафар аз   Русия,  26 нафар аз Туркманистон,  14 нафар аз   Ӯзбекистон,  264 нафар аз  Ҳиндустон  ва  13 нафар  аз  Ҷумҳурии    Исломии   Эрон  дар Донишгоҳи  мазкур  таҳсил   доранд.  Раёсати   Донишгоҳ  барои    ҷалби  донишҷӯёни   хориҷӣ  ба таҳсил, ба стандартҳои   ҷаҳонӣ  мутобиқ намудани   барномаҳои  таълимӣ,  дастрас  намудани  китобу  дастурҳои   илмиву   таълимӣ  ба    рои  тарбияву  тайёр  намудани  кадрҳои  ба  талаботи  замони  муосир  ҷавобгӯ  ба  муваффақият     ноил  гаштааст.       

Ноябрь 9, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд