ДАР ХИЗМАТИ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОН

Ноябрь 29, 2010 10:31

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар муассисаи давлатии «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» 173 нафар шахсони барҷомонда ва маъюб  ба нигоҳубин ва табобат фаро гирифта шудаанд.    Боис ба ёдоварист, ки хона — интернати мазкур ҳанӯз соли 1972 барои 180 нафар пиронсолон сохта ба истифода дода шуда буд. Муассиса дорои 4 шӯъбаи умумӣ ва як шӯъбаи барҷомондагон буда,  дар он ба 173 нафар беморону маъюбон  хизмат расонида мешавад.    Бо дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2009 шӯъбаи барҷомондагон аз таъмир бароварда шуда, барои 50 нафар маъюбон ва беморони бистаришуда ҷои нави нигоҳубину табобатӣ  ба  истифода   дода шуд. Айни ҳол дар ин муассиса имкони нигоҳ доштани 230 нафар беморон ва пирони барҷомонда вуҷуд дорад.    Бино ба иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ , шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии бошандагони ин муассиса зери назорати директор, табибон ва ҳамшираи ғизосанҷ қарор дорад.    Дар муассиса барои зимистон хуб тайёрӣ дидаанд. Дар фасли зимистон аз печҳои гармидиҳии  обу бӯғ истифода бурда мешавад. Дар сурати  набудани   барқ аз дизел истифода карда мешавад, ки он тамоми хонаҳои зистро бо оби гарм ва рӯшноӣ   таъмин карда метавонад.  

Ноябрь 29, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе