ДАСТУР БАРОИ СОҲИБКОРОН

Ноябрь 17, 2010 10:03

Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва ба ифтихори 80 – солагии «Тоҷикстандарт» китоберо бо номи «Риояи меъёрҳои савдо дар бозор ва дӯкону мағозаҳо», бо теъдоди 2500 нусха аз чоп баровард. Ин рисола чанде аз масъалаҳои бозору бозордорӣ, тиҷорат, тартибу низом, одобу ахлоқ, адлу инсоф ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон дар рисолаи мазкур мӯҳтавои Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон (СТ ҶТ 1066 – 2005, СТ ҶТ 1037 — 2001) «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» ва «Хизматрасонии савдои чакана», бо назардошти иҷроиши меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа, ки аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» таҳия ва тасдиқ гашта, ҷойгир шудааст. Асар дастури муфид барои тоҷирон, соҳибкорон, истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон ва дигар хизматгузориҳои соҳа мебошад.

Ноябрь 17, 2010 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад