ДЕМАРКАТСИЯИ ХАТИ САРҲАДИ ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР
Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 22 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Созишномаи молиявӣ оид ба лоиҳаи «Рушди деҳот» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд, Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия, инчунин Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой «Дар бораи демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой» муҳокима гардиданд. Зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур раисони кумитаиҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат зикр карданд, ки ҳадафи асосии масъалаҳои баррасишуда беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии деҳот, тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






