ДУ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН ҲАМКОРИҲОРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни сафари расмии худ ба Эрон дар Теҳрон бо Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Наҷотбахш мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон иттилоъ дод. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон ба муносибатҳои дуҷонибаи парлумонии ҳарду кишвар бояд заминаи устувор гузорад. «Имрӯз вақти он расидааст, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстиро ҳар ду ҷониб ҷоннок намоянд», афзуд Ш. Зуҳуров. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон -Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки боздиди ҳайати гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Эрон аз кишвар ва парлумонҳои якдигар, ба омили муҳими тақвияти дӯстӣ ва таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ мусоидат менамояд. Дар мулоқот бештар намудани боздидҳои ин гурӯҳҳо аз парлумонҳои якдигар ва истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти таҳия ва қабули қонуну қарорҳо таъкид гардид. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки мавридҳои рафту омади намояндагони гурӯҳҳои дӯстӣ ба кишварҳои ҳамдигарро бештар намоянд ва дар ин замина шароити боз ҳам наздик шудани ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам созанд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






