ДУШАНБЕ ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он 6 ноябр аз соати 10 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон ва баромади дастаҳои ҳунарӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, дар ҳамон рӯз соати 16 дар Амфитеатр консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки алҳол хиёбону майдонҳои шаҳр бо шиору овезаҳо, ки таҷассумгари омодагии пойтахт ба таҷлили Рӯзи Конститутсия мебошад, оро дода шудаанд. Инчунин, ташкили намоишгоҳи китобҳо ва баргузории конференсияи илмӣ- адабӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳӯтӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар назар дошта шудааст. Тавре котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар асоси ин қарор муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор шудаанд, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






