Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ БУНЁДИ САРБАНДИ НЕРЎГОҲИ ОБИИ «САНГТӮДА-2»

Ноябрь 29, 2010 08:37

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози бунёди сарбанди нерўгоҳи обии «Сангтўда-2» ба мавзеи сохтмони ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ташриф овард. Хотиррасон бояд намуд, ки нерўгоҳи обии «Сангтўда-2» бо иқтидори лоиҳавии 220 мегават бо сармоягузории муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби мутахассисони варзидаи ду кишвар бунёд меёбад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар мавзеи сохтмон масъулини ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Данғара ва роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳаи энергетика истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар оғози бунёди сарбанди нерўгоҳи обии «Сангтўда-2», бастани маҷрои рўди Вахш ва ба маҷрои нав, аз дохили нерўгоҳ равона кардани оби дарё ба ин ҷо ҳамчунин Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷўй ташриф овардааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо корҳои сохтмону васлгарӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи обии «Сангтўда-2» аз наздик шинос шуда, бо муҳандисону лоиҳакашон ва мутахассисони дигару бинокорони ин иншооти бузург, ки шумораи умумиашон беш аз ҳазор нафар аст, аз наздик сўҳбат намуд. Бо хушнудӣ зикр гардид, ки  то имрўз дар иншооти асосиву ёрирасони нерўгоҳ бо харҷи беш аз як миллиард сомонӣ (баробар ба 225 миллион доллари амрикоӣ) сармояи муштараки Тоҷикистону Эрон  аллакай 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дорад. Корҳои бетонрезӣ, оҳану бетонӣ, озмоишиву лоиҳакашӣ, пармагариву корҳои таркишӣ, васлу насби дарвозаҳои даромаду баромади об анҷом ёфта,  як қисми дигари корҳо дар арафаи анҷомёбӣ  қарор доранд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷўй бо пахши тугма ва ба амал овардани як таркиш  бастани маҷрои рўди Вахш ва бунёди сарбанди нерўгоҳи Сангтўда – 2 – ро оғоз намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин нерўгоҳ то ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон пурра ба кор шурўъ менамояд ва истеҳсоли солонаи нерўи барқ дар Тоҷикистон боз як миллиард киловатт/соат зиёд мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди анбўҳи зиёди бинокорони нерўгоҳ ва мардуми деҳоти атроф мардуми кишварро бо ин рўйдоди фараҳбахши таърихӣ табрику таҳният гуфт ва ба онҳое, ки дар бунёди нерўгоҳи Сангтўда – 2 шабу рўз заҳмат мекашанд, арзи сипос кард. Дар баробари ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва гузаштан ба лампаҳо ва дигар таҷҳизоти каммасрафи барқӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ин кори неку савоб бояд ба одати доимии ҳар як хонавода табдил ёбад. Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Маҷиди Номҷўй суханронӣ намуда, аз густариши имрўзаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Тоҷикистону Эрон изҳори хушнудӣ намуд.

Ноябрь 29, 2010 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад