ФАРОНСА ТЕРМИНАЛИ НАВ МЕСОЗАД

Ноябрь 25, 2010 11:07

      Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Фаронса барои сохтмони терминали  нави фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе маблағи муайян дар шакли кӯмаки бебозгашт ва  ҳам дар шакли қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд.       Санади мазкурро вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат тасдиқ карданд.     Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Олим Бобоев ва вакили Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Сироҷов дар ҷараёни баррасии ин ҳуҷҷат зикр карданд, ки Протоколи молиявӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию  тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Фаронса мусоидат менамояд.  

Ноябрь 25, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад