ФБА БАРОИ ТОҶИКИСТОН 20 МИЛЛИОН ҚАРЗ ҶУДО НАМУД

Ноябрь 26, 2010 14:31

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-  Қарор дар мавриди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қарз дар ҳаҷми зиёда аз 20 миллион доллари ИМА  аз ҷониби Фонди Байналмилалии Асъор 24 ноябри соли ҷорӣ қабул гардид. Дар ин бора дирӯз дар нишасти матбуотии барои хабарнигорони ватанию хориҷӣ доиргардида намояндаи доимии Фонди Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Ари Айзен хабар дод.                Ӯ зикр намуд, ки Шӯрои иҷроияи ФБА шарҳи сеюмро аз рӯи Барномаи  васеъ намудани тартиби қарздиҳӣ дида баромад. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур ба расонидани кӯмак ба давлатҳои даромади кам дошта нигаронида шудааст.   Қарз ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Барномаи мазкур ҷудо гашта, барои барқарор намудани иқтисодиёти кишвар равона мегардад.    «Марҳилаи имтиёзноки қарзи ҷудогардида 5, 5 солро дар бар гирифта, мӯҳлати баргардониданаш 10 сол мебошад», афзуд А. Айзен.  

Ноябрь 26, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад