ФЕСТИВАЛИ СУРУД АЗ АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар толори «Қасри Ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд фестивали суруд аз ашъори шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, таҳти унвони «Офтобборон» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби муассисаи давлатии «Қасри Ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералӣ дар ҳамдастӣ бо Раёсати фарҳанги вилоят, идораи телевизион ва радио, инчунин раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ташкил карда шуд. Бояд гуфт, ки ба иштирокчиён ифтихорномаи якҷояи Раёсати фарҳанг , Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва сарпарасти фестивал ширкати TCELL супорида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






