ГУФТУГӮИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МАРДУМОНИ ИДМ
Маскав, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Имрӯз дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми VI байналмилалӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар асри XXI» баргузор мегардад. Ташкилкунандагони ин форум Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав бо дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мебошанд. Чорабинии мазкур ба 20-умин солгарди ИДМ бахшида шуда, дар шакли машварати нақшавӣ ва ҷаласавӣ мегузарад.Дар машварати нақшавии он раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев баромад менамояд. Зимни ҷаласа иштирокчиёни форум соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии фазои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ; гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳо дар шароити фазои гуманитарии бисёрзабонӣ; воситаи байни одамон ва байналмилалӣ будани забони русӣ; маълумоти динӣ-маънавӣ ҳамчун гуфтугӯи байни мактабҳои омӯзишии дунявӣ ва динии давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби форуми мазкур намоиши маводи омӯзишӣ ва китобҳо дар бораи забон ва фарҳанги мардумони узви ИДМ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи забонҳои ИДМ-и Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав пешниҳод шудааст, баргузор мегардад. Пагоҳ, 10 ноябр дар чаҳорчӯби Барномаи баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони эҷодкори давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ аз ҷониби омӯзгорони забон ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав видеоконфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-методӣ гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки дар форум арбобони сиёсӣ, намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия, вазорату идораҳо, депутатҳои парлумон, ректорони макотиби олӣ иштирок доранд. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






