ХЕЙМАН БА ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТ ГАРДИД

Ноябрь 17, 2010 14:46

Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди парлумонӣ байни  Тоҷикистону Британияи Кабир  дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  Маҳмадсаид Убайдуллоев ва  Спикери Палатаи Лордҳои Британияи Кабир Баронесса Хейман, ки дар Лондон доир шуд, қарор дошт.       Дар мулоқот ҷонибҳо аз фароҳам омадани муносибатҳои байнипарлумонӣ дар сатҳ ва шакли нав изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки таҷрибаи ҳарду кишвар барои  идомаи рушди муносибатҳо нек  ва омӯзанда мебошад. М. Убайдуллоев зикр кард, ки бо истифода аз воқеияти муносибатҳо зарурате пеш омадааст, ки парламентҳо бо ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои байниҳукуматӣ нерӯи худро бештар сафарбар намоянд.          Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия ва гидроэнергетикаро баррасӣ карда, ба авзои Афғонистон низ дахл намуданд.      Дар фарҷоми мулоқот М. Убайдуллоев аз хонум Хейман даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб расман аз Тоҷикистон  боздид намояд.

Ноябрь 17, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад