ИҶРОИ БАРНОМА ЗЕРИ СУОЛ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо истифода аз имкониятҳои ба даст овардашуда, кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 — 215) ва Барномаи «Беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшиданӣ барои солҳои 2007 — 2020» аҳолии шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳоро ба қадри зарурӣ бо оби тоза таъмин намоянд,- иброз дошт муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар давоми даҳ моҳи соли 2010 дар ҳудуди хизматрасонии КВД (ХМК), баҳри тадбиқи барномаи мазкур, дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақша мебоист 32 млн. 231 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешуд, аммо дар асл дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузоришаванда 5 млн 774 ҳазор сомонӣ ё ҳамагӣ 17 фоиз, маблағ ҷудо шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба ҷои 4 млн. 834 ҳазор сомонӣ 2 млн. 901 ҳазор сомонӣ ё 60 фоиз ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба ҷои 3 млн. 223 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 406 ҳазор сомонӣ, ки баробари 12 фоиз аст, маблағ ҷудо гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Қурғонтеппа, Турсунзода, Панҷакент, Ваҳдат, Кӯлоб, Ёвон, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва боз даҳҳо ноҳияҳои дигарро номбар кардан мумкин аст, ки умуман барои амалишавии Барномаи «Беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшиданӣ барои солҳои 2007 — 2020» маблағ ҷудо накарданд, ки ин иҷрои барномаи мазкурро зери суол мегузорад.








8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд






