ИДИ ҚУРБОН КАЙ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД?

Ноябрь 9, 2010 15:11

Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон 16 ноябри соли 2010 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Қурбон 9 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Марказии исломии Тоҷикистон Сайидмукаррами Абдулқодир бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ доир шуд, қабул гардид.         Назар ба иттилои корманди масъули Маркази исломии Тоҷикистон Раҳматулло Саъдуллоев,  16 ноябр соати 7-30 дакиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон гузошта мешавад. Дар рӯзи Иди Қурбон мардуми мусулмон дастархони идона ороста, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд, дуою фотеҳа хонда, тӯҳфаҳо тақдим месозанд. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба қабристонҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда, рӯҳу арвоҳи  гузаштагонро шод мегардонанд.       Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон ин қурбонӣ кардан аст. Дар Тоҷикистон асосан барои қурбонӣ кардан чорвои фарбеҳ ва беиллат ба мисли гов, гӯсфанд ва буз истифода шуда, аз се як қисми гӯшти қурбониро ба барҷомондагон ва  камбизоатон тақсим менамоянд.      Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ,  яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он дар арафаи Иди Қурбон рост меояд. Мавриди зикр аст, ки дар соли равон беш аз 5 ҳазор зойирини тоҷик ҷиҳати ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ ба Макка сафар карданд.     Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан 22 ноябр оғоз ёфта, 7 декабр анҷом меёбад.

Ноябрь 9, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад