ИНШООТИ ҶАШНИИ СУҒД МЕАФЗОЯД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Бо шарофати мавриди истифода қарор гирифтани хати баландшиддати 500 киловолтаи ҷануб-шимол дар вилояти Суғд бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот равнақ ёфт. Дар ноҳияи Ғончӣ солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаи коркарди оҳани ноҳия аз ҷумлаи чунин корхонаҳост. Дар корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то се тонна маҳсулоти оҳану бетонӣ тайёр мешавад. Як ҷиҳати манфиатовари фаъолияти корхона дар он аст, ки дар корхона аз оҳанҳои нодаркору зангзада истифода бурда, онҳоро дубора коркард намуда маҳсулот тайёр менамоянд. Роҳбарияти корхона пайваста дар талоши онанд, ки ҷойҳои кории навро зиёд намоянд. Бо ин мақсад роҳбарони корхона бо мутахассисони хитоӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ғончӣ ба пешвози 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти дигар босуръат идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони шаш мактаб, шаш маркази хизматрасонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ вусъати тоза мегирад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






