ИНТИХОБОТИ БЕЛОРУСРО КӢ НАЗОРАТ МЕКУНАД?

Ноябрь 29, 2010 10:28

                Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19  декабри соли 2010  дар Ҷумҳурии Белорус интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба ҳайси нозир намояндагони Тоҷикистон- роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қозидавлат Қоимдодов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амирхон Сафаров иштирок менамоянд.                Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистон 13 декабр ба Минск меравад. Намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи президентии Белорус дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида менамоянд.               Мавриди зикр аст, ки дар интихоботи президентӣ дар Белорус  10 нафар номзад ба мансаби президентӣ пешниҳод гардиданд, ки  яке аз онҳо президенти феълии ин кишвар Александр Лукашенко мебошад.

Ноябрь 29, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад