ИНТИХОБОТИ БЕЛОРУСРО КӢ НАЗОРАТ МЕКУНАД?
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19 декабри соли 2010 дар Ҷумҳурии Белорус интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба ҳайси нозир намояндагони Тоҷикистон- роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қозидавлат Қоимдодов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амирхон Сафаров иштирок менамоянд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистон 13 декабр ба Минск меравад. Намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи президентии Белорус дар ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар интихоботи президентӣ дар Белорус 10 нафар номзад ба мансаби президентӣ пешниҳод гардиданд, ки яке аз онҳо президенти феълии ин кишвар Александр Лукашенко мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






