КӢ НАРХИ ҚАНДРО БОЛО МЕБАРАД?
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агар дар давоми 10 моҳи соли 2009 ширкатҳои таҳвилкунанда ба ҶТ 106 ҳазор тонна қанд ворид карда бошанд, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 85 ҳазор тонна қанд ворид карда шудааст, ки ин боиси боло рафтани нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ гардидааст,- иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Иқтисодчиён сабаби якбора боло рафтани нархро дар шароити номусоиди обу ҳавои давлатҳои таҳвилкунандаи қанд ба Тоҷикистон аз ҷумла, Полша, Покистон, Бразилия, Белорус, Эрон ва Озарбойҷон медонанд. Агар нархи қанд дар охири соли 2009 барои як тонна 375 доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас он дар давоми моҳҳои январ — ноябри соли 2010 ба 456 доллар баробар шудааст. Идораи зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сабаби рақобати ноодилонаи ширкатҳои воридкунандаи қандро, ки боиси боло рафтани нарх гардидааст, мавриди санҷиш қарор додааст. Аммо мусаллам аст, ки ширкатҳо бо вуҷуди нисбат ба соли 2009 камтар ворид кардани қанд фоида ба даст оварданд, зеро агар дар моҳи ноябри соли 2009 як кило қанд бо нархи 3 сомонию 60 дирам ба савдо бароварда шуда бошад, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ қимати як кило қанд ба 6 сомонӣ расида аст ва чунон ки дар урфият мегӯянд «об ба лаби ҷӯй баробар» шудааст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






