«КАБКИ ҚАФАС»-РО БА ТУРКМАНИСТОН БУРДАНД

Ноябрь 10, 2010 15:57

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз бо мақсади баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон, ҳайати расмӣ ва гурӯҳи эҷодии ҳунармандони тоҷик бо сарварии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ба шаҳри Ашқобод сафар мекунанд. Ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳангиро ҳунармандони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», ансамбли рақсии «Гулрез», Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Рустам Дуллоев, Озодамоҳ Мӯҳтарамова, Аҳмадбек Ғаниев, Файзалӣ Ҳасанов, Ҳунармандони хизматнишондодаи Тоҷикистон Исроил Файзиддинов ва Бахтиёр Иброҳимов, овозхонони ҷавон — Нигина Амонқулова, Дилноза Каримова ва гурӯҳи доиранавозон ташкил медиҳад. Бояд гуфт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 10 то 14-уми ноябр давом карда, дар чаҳорчӯби он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст. Аз ҷумла, аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши спектакли «Кабки қафас»-и Темур Зулфиқоров, дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков, намоиши аксҳои аккоси шинохта Шӯҳрат Ёров ва сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон пешкаши мардуми туркман  мешаванд.. Ёдовар мешавем, роҳбари бадеии барномаи консертии ҳайати Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Набӣ Ҷалолов ва директори Рӯзхои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон Олимҷон Солиев мебошанд.  Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Ноябрь 10, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад