КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУН)

Ноябрь 5, 2010 10:11

Душабе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсилот ва таъминоти иҷтимоӣ аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсонанд, ки Конститутсия (Сарқонун) онро кафолат додааст.    Бо дастгирӣ ва ташаббуси беназир ва созандаи Президенти мамлакат ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, нисфи зиёди захираҳои молиявию моддии давлат ба татбиқи ин соҳа равона мешавад.    Имрӯз дар ҷумҳурӣ қариб 553 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 152 ҳазор маъюбон, ки 19 ҳазори онро кӯдакон ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудаанд.    Агар ҳаҷми маблағгузории муассисаҳои статсионарӣ дар соли 2009 бо назардошти маблағгузории иловагӣ 12 млн. 173 ҳазору 511 сомониро ташкил диҳад, пас дар соли 2010 ин маблағгузорӣ ба 14 млн. 397 ҳазору 757 сомонӣ расидааст,- иброз дошт мудири шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ, оила ва кӯдак   Соима Муҳаббатова ба мухбири АМИТ «Ховар».        

Ноябрь 5, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад