КАРТОШКА ФАРОВОН МЕШАВАД
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ майдони кишти картошка дар соли 2010 ба 12 ҳазору 356 гектар расид. То 1 –уми ноябри соли ҷорӣ ҳосили майдони 8481 гектар замини картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 955 гектар зиёд аст. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, нақшаи истеҳсоли картошка 253 ҳазору 309 тонна буда, айни ҳол 176 ҳазору 207 тонна ва ё 70 фоизи он ҷамъоварӣ гардидааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосилнокии миёнаи картошка дар ҷумҳурӣ аз ҳар гектар ба 207 сентнерӣ расонида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






