КИШ, ЗОҒИ БАДМУРИ БЕХОСИЯТ!

Ноябрь 24, 2010 14:43

Рўйдодҳои маълуми хунини шарқи кишварамон, ки аз сўи душманони дохиливу хориҷии сулҳу субот ва рушду пешрафти Тоҷикистон роҳандозӣ ва амалӣ шуданд, мусалламан меҳанпарастони воқеии тоҷикро мушаввашу ғамгин сохтанд. Аммо ба ном рўзноманигору дар асл дасисакори оқиватан Додоҷон Атовуллоев ва ҳаммаслакону шогирдони тоҷикистониаш ин фоҷиаро фурсатеи ғанимат ҷиҳати рақсу бозиҳои сиёсӣ ва барангехтани фитнаву низоъ дар ҷомеаи Тоҷикистон донистанд ва аз он то ҷойи имкон истифода ҳам карданд. Як зумра сомонаҳо ва нашрияҳои ба хонандагони тоҷик "ошно"-и Русия, ки ҳар дафъа дар мавриди ба вуқўъ пайвастани рўйдоде дар Тоҷикистон расонаҳои хабарии хешро хидмати Д. Атовуллоев қарор медоданд, ин борҳам "анъана"-ро вайрон накарданд. Дар яке "мақола" чоп намуду дар дигаре ба ҳайси "коршинос" вазъиятро "таҳлил" кард, саввум "мусоҳиба"-ашро ба табъ расонду чаҳорум — "муроҷиатнома"-ашро. Вале бо вуҷуди шахсан манфиатдор будани он сомонаву нашрияҳо, фикр намекунам, бе дарёфти мабла-и дилхоҳашон бо Д. Атовуллоев " ҳамкорӣ " карда бошанд. Ман аз ҷумла "муроҷиатнома"-и ба ҷанги нави шаҳрвандӣ даъваткунандаи Д. Атовуллоевро дар сомонаи "ЦентрАзия" хондам, андешаҳои хонандагони ин сомонаро дар атрофи "муроҷиатнома" низ (дар бахши форум) бодиққат аз назар гузарондам. Ва боз ҳамон манзараи манфури шинос пеши чашмам намудор шуд — аксари кулли андешаҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз Атовуллоев баён гаштаанд ( ҳарчанд зиёд нестанд), услуби хеле ошнои ягонаи иншо доранд ва маҳсули "истеъдод"-и за ҳрогини худи ў мебошанд. Бале, бале, ба масал — "шеъри худаш, оҳанги худаш ва сарояндаву раққос  ҳам худаш". Фикр мекунам, ин "бозӣ "-и ҳароми сардабири гоҳ номаи "Чароғи рўз" ба аксари хонандагони тоҷик чун рўз равшан аст. Ва ҷомеаи бедори Тоҷикистон на танҳо фирефтаи дасисаҳои тоза ба тозаи ин душмани миллати тоҷик нахоҳад гашт, балки то ҷое  ман мушоҳида кардам, ҳар даъфа дар хашм мешавад, ки ўро тоҷик ё тоҷикистонӣ ном мебаранд. Зеро, тавре маълум, экстремисту террорист на миллат дораду на Ватан. Бале, бале, экстремисту террорист аст — экстремисту террористи матбуотӣ . Вале Д. Атовуллоев ба он дараҷа беақлу аҳмақ нест, ки беҳудагӣ ва беҳудагўии худро надонад, торафт дар ҷомеаи Тоҷикистон нафратовару беэътибор гаштани худро надонад, анҷоми талхи аъмоли зиддитоҷикиву зиддитоҷикистонии худро надонад. Медонад, аз мо беҳтар медонад. Аммо, то ҷое ман дарёфтаам, илоҷ надорад —  ў кай хост ба худаш мутааллиқ нест, дар дасти хоҷагони худ чун як "проект" аст, ки татбиқаш мекунанд. Ва  дар иртибот, саволи матраҳ ин аст: наход хоҷагонаш надонанд, ки аз ин бешараф ва оқиватан пешвои миллӣ тарошидан ва бо даъвати дар ҷомеаи лаззати сулҳу ваҳдати миллиро дарёфтаи тоҷик дубора оташи ҷанги бародаркуш барафрў хтан ё Тоҷикистонро ноором сохтан кўшиши комилан аҳмақона ва харҷи мутлақо беҳуда аст? Ё хоҷагоне, ки ин "проект"-ро бевосита татбиқ мекунанд, парвои харҷ ашро надоранд — чун хар ки аз ҳисоби хоҷагони болотар аст?! Д. Атовуллоев ҳар даъфа чун зоғи сиёсии шумхабар аз дуриҳои дур қар- қаркунон худро дар маърази таваҷҷўҳи тоҷикон қарор медиҳад, балки бо дилу нияту фитрати нопоку нақшаҳои хоинонаи қаблан тарҳрезикардаи пирзолҳои сиёсӣ ва муддаиёни мансабталошу тирарўзгори миллаткуш дар осмони мусаффо ва мазраи сабзу ободи Тоҷикистон ба парвоз омадан мехоҳад. Аммо мазраи хурраму босафои зиндагӣ дигар ба  пар-пари зоғу зоғмаобон ниёз надорад. Киш, зоғи бадмури бехосият! Қар- қарат сари худатро хўрад!   Абдуллои МУҲАҚҚИҚ,                           сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва диншиносии                      Маркази исломшиносии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Ҷавонони Тоҷикистон" 46 (9160), 17 ноябри соли 2010          

Ноябрь 24, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд